Аҳмад Шаҳот Аҳмад Ал-Разиқӣ, аз асотиди барҷастаи қироати Қуръони Карим дар соли 1938 милодӣ дар рустои Разиқот аз тавобеи шаҳри Армент дар устони Қано дар Миср ба дунё омад.
Ин қориро метавон дар радифи қориёни насли сеюми Миср маҳсуб кард. Аҳмад Ал-Разиқӣ, пас аз қориёни назири Абдулбосит, Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ ва Мустафои Исмоил матраҳ шуд ва бояд ӯро ҳам давра бо Роғиб Мустафо Ғалваш ва Абдулазиз Ҳисон донист.
Вай аз ҷумла қориёни таҳсилкардаи Миср ва пайравони шеваи Миншовӣ буд. Қориёни назири Аҳмад Ал-Разиқӣ ҳарчанд дар тиловати Қуръон дорои халлоқият буданд, аммо онҳоро бояд мутаъассир аз шеваи Миншовӣ донист; шевае ки дар ҷануби Миср истифода мешуда ва қориёни ин минтақа аз ин шева истифода мекарданд.
Аҳмад Ал-Разиқӣ, мутаъассир аз шева ва равиши қироати Миншовӣ буд, аммо халлоқиятҳое дошт ба ин маъно, ки бисёре аз равишҳои тиловати Миншовиро бо каме тағйир иҷро кардааст.
Теъдоди таловатҳое ки аз устод Аҳмад Ал-Разиқӣ боқӣ монда камаст. Чаро ки аз як тараф нисбат ба бархе қориёни мисрӣ, камтар ба маҷолис барои тиловати Қуръон даъват мешуд ва аз сӯи дигар худаш бештар тамоюл ба қироатҳои студияӣ дошт то қироатҳои маҷлисӣ.
Сабкҳои қироати Қуръон қориёнро дар як тақсимбандӣ метавон ба се даста «зинда», «мурда» ва «фарсӯда» табақабандӣ кард. Сабкҳои зинда, сабкҳое ҳастанд, ки ҳамеша тарафдорони зиёде доранд. Сабкҳои мурда, он ҳоеҳастанд, ки афроди каме ба онҳо алоқаманд ҳастанд ва кам кам фаромӯш мешаванд. Аммо сабкҳои фарсӯда, сабкҳое ҳастанд, ки ба далели халлоқиятҳое ки дар тиловати Қуръон доштанд, тарафдороне доранд; ҳарчанд ин тарафдорон камтар ҳастанд. Сабки тиловати устод Аҳмад Ал-Разиқиро ме тавон дар ин даста қарор дод чаро, ки ҳарчанд аз шеваи Миншовӣ тақлид мекард, аммо ба далели доштани халлоқиятҳо ва навовариҳо дар тиловати Қуръон, ҳамчунон тарафдорони каме дорад.